Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби истеъфои ҳукумати Қазоқистон


Алматӣ, 21-уми феврали соли 2009

Алматӣ, 21-уми феврали соли 2009

21-уми феврал бо ибтикори Ҳизби демократии «Азад» (Озодӣ) дар шаҳри Алматӣ гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи ҳукумати кишвар доир гардид.

Ширкаткунандагони ин гирдиҳамрӣ аз ҳукумати кишвар ба раҳбарии Карим Масимов ва порлумони якҳизбии Қазоқистон, ки танҳо аз намояндагони ҳизби ҳукмрони «Нуротан» иборат аст, истеъфоро талаб карданд.

Ин талаб дар қатъномаи ширкатдорони гирдиҳамоӣ, ки аз ҷониби муовини раиси ҳизб Марҷон Испандитёрова қироат гардид, яке аз хостаҳои асосии гирдиҳамоӣ буд.

Ширкатдорони гирдиҳамоӣ ҳамчунин дар қатънома тақозои ҳизби «Азад»-ро дар бораи даъват кардани ҷаласаи зидди буҳрон ва ташкил кардани ҳукумати эътимоди миллӣ ва пароканда кардани порлумону баргузор кардани интихоботи нави порлумонӣ ҷонибдорӣ карданд. Чунин талабҳои хешро гирдиҳамомадагон бар он асоснок карданд, ки алъон дар шароити буҳронӣ кишвар ва мардуми он дар ҳоли душвор қарор доранд. Тавре Ирина Савостина, яке аз фаъолони ҳаракати демократии Қазоқистон, гуфт, алъон дар кишвар бисёр ҷавонон бекор мондаанд ва пиронсолон бо 9000 танга, пули миллии кишвар, ҳадди ақалли нафақаи хеш чи тавр рӯз мегузаронанд. Бар илова беқурбшавии танга, ба гуфтаи сухангӯён, вазъи душвори мардумро боз ҳам сангинтар кард.

Булот Абилов
Дар гирдиҳамоӣ бархе аз ширкатдорон, аз ҷумла, Булот Абилов, раиси Ҳизби демократии «Азад», таъкид кард, ки ба чунин вазъи сангин дучор гардидани кишвар аз ноуҳдабароии ҳукумат ва дахолати пайвандони сарвари давлат ба кори он аст: «Мо боз як мушкили дигар дорем, ки ин марбут ба пайвандони раиси ҷумҳур аст. Мо бо азобе аз як домоди Назарбоев – Роҳат Алиев – раҳо шудем ва акнун домоди дигараш – Темур Кулибоев – иқтисод, ҳукумат ва бовар дорам, порлумонро зери таъсири хеш гирифтааст».

Дар гирдиҳамоӣ таъкид гардид, ки алъон наметавон фақат ба умеди ҳукумат шуд ва мушкилоти ба асари буҳрон пайдошударо фақат бо ҳамроҳии ҳама нерӯҳои солими ҷомиа рафъ намуд ва, аз ин рӯ, Ҳизби демократии «Азад» даъвати ҷаласаи зидди буҳрониро яке аз иқдомҳои зарурӣ медонад.

Чунин гиридиҳамоиҳо, тавре Б. Абилов гуфт, бо ибтикори ҳизб дар ҳама вилоёти кишвар бояд доир мегардид, вале дар дигар маҳалҳо мансабдорон ба гузаронидани гирдиҳамоӣ иҷоза надоданд. Дар ягона гирдиҳамоии иҷозадодашуда дар боғи Сари Аркаи шаҳри Алмаато, ба тахмини ширкатдорон, беш аз 1500 нафар ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG