Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Покистон ба оташбаси доимӣ роизанд


Дар Покистон як мақоми балндпояи ҳукумат гуфтааст, ки шӯришиёни Толиб ба "Оташбаси доимӣ" дар водии Свот, воқеъ дар шимоли ғарби Покистон розӣ шудаанд. Рӯзи ҷумъа Мавлоно Фазлуллоҳ-фармондеҳи шӯришиён бо падарарӯси худ бо Мавлоно Сӯфӣ Муҳаммад-рӯҳонии тундрав, ки барои музокироти сулҳ вайро аз зиндон раҳо кардаанд, дидор дошт. Саид Муҳаммад Ҷовид-кумиссари Малоканд дар минтақаи шимоли шарқи Покистон ба хабарнигорон гуфтааст, онҳо таъаҳҳуд супурдаанд, ки оташбаси доимиро баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, ҳукумат низ ба ин кор омода аст.
XS
SM
MD
LG