Пайвандҳои дастрасӣ

Масъалаи нафту гози Тоҷикистон дар Маскав баррасӣ шуд


Тибқи хабари матбуъоти Русия, Гул Шералӣ-вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон дар Маскав бо Александр Миллер-раиси ширкати "Газпром"-и Русия дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши нафту гоз баррасӣ кардаанд. Дар ин мулоқот аз ҷумла, тамоюли ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳои баландмуддат, ҳамкориҳои миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Газпром" баррасӣ шудааст. Тибқи ин манбаъ, ҳамкориҳои ин ду кишвар бар асоси қарордоди баландмуддат ва ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ташкили муассисаи муштараки Русияву Тоҷикистон анҷом мегирад. Аз моҳи июли соли 2006 ба ин сӯ "Газпром" дар Тоҷикистон ба омӯзиши манобеъи нафту гози Тоҷикистон машғул аст.

XS
SM
MD
LG