Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ненсӣ Пелосӣ дар Кобул бо Ҳомид Карзай мулоқот кард


Имрӯз Ненсӣ Пелосӣ-раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико дар Кобул-пойтахти Афғонистон бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард. Хонум Пелосӣ рӯзи ҷумъа барои мулоқот бо мақомоти раҳбарии Афғонистон, бо фармондеҳону сарбозони нируҳои Амрико ва бо нируҳои НАТО дар Афғонистон вориди ин кишвар шуд. Ҳафтаи гузашта Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки 17 000 нафар нируи дигари изофӣ ба Афғонистон хоҳад фиристод. Ҳоло дар ин кишвар 38 000 нируи амрикоӣ мустақар мебошанд. Як ҳафта пеш аз боздиди хонум Ненсӣ Пелосӣ Ричард Ҳолбрук-намояндаи вижаи Обама барои Афғонистон ва Покистон аз Кобул боздид кард.
XS
SM
MD
LG