Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши нави ОБЭҲ дар бораи Эрон


Дар гузориши нави Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ омадааст, Эрон аз он чӣ то ҳол гузориш медод, бештар урониюми ғанишуда ба даст овардааст. Ин муассисаи СММ мегӯяд, Эрон маводи аввалияи кофӣ дар ихтиёр дорад то битавонад дар муддати кӯтоҳ бами ҳастаӣ бисозад. Урониюми ғанишуда, ки Эрон мегуяд, барои тавлиди нируи барқ ба кор мебарад, метавонад дар бахшҳои ғайринизомӣ ё барои ҳадафҳои низомӣ истифода шавад. Дар посух ба ин гузориши Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ Амрико гуфтааст, вай ва муттаҳидонаш барои изҳори ташвиш аз барномаҳои машкуки ҳастаии Эрон "таъхир"нахоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG