Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи омори расмӣ, моҳи январи соли равон мизони ҷурму ҷиноят дар Тоҷикистон назар ба як соли пеш 6,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар гузориши ахири Кумитаи омори кишвар гуфта шудааст, ки аз ҳама бештар сатҳи ҷинояткорӣ дар Хатлон ва Суғд боло рафтааст ва, аз ҷумла, дар Хатлон назар ба як соли қабл тақрибан 31 дарсад бештар ҷиноят содир шудааст.

Аз нигоҳи коршиносон, омили нигаронкунанда - афзоиши ҷиноёти сангин аст – тайи моҳи гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 162 далели ҷиноёте чун куштору ғорати амвол ва таҷовуз ба номус сабт шудаанд. Зимнан, моҳи январи соли гузашта ин гуна ҷиноёт тақрибан 28 дар сад камтар содир шуда буд.

Ба иттилоъи расмӣ, тақрибан 46 дар сади ҷиноёти моҳи гузашта содиршуда аз сӯи мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон ошкор ва дар робита ба бештари ин ҷиноёт парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Бештари коршиносони маҳаллӣ афзоиши теъдоди ҷиноётро паёмади бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, аниқтараш бар асари ин бӯҳрон бекор мондану ба Ватан баргаштани муҳоҷирони кори тоҷик аз Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо мехонанд. Ба иттилоъи ғайрирасмӣ, шурӯъ аз тирамоҳи соли гузашта тақрибан 100 ҳазор муҳоҷиронии кории тоҷик ба ватан баргаштаанд.

Коршиносон афзоиши ҷиноётро паёмади бекорӣ ва бозгашти муҳоҷирони корӣ аз хориҷ мехонанд ...
Ва аммо Носир Назаров, полковники милиса ва муовини раиси Академияи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди муҳоҷирони кории аз Русия баргашта он қадар бузург нест ва арқоми ғайрирасмие, ки дар нашрияҳои маҳаллӣ оварда мешаванд, бештар муҳоботанд. Ҳамзамон ӯ тайид мекунад, ки баргаштани шумораи бузурги муҳоҷирон ба вазъи ҷиноӣ дар кишвар таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт ва мақомоти ҳифзи тартибот инро хуб дарк мекунанд.

Полковник Назаров мегӯяд, “бале, афзоиши ҷинояткорӣ имкон дорад ва боз муҳоҷирҳо дар он кишварҳо гаштаанд ва метавонад намудҳои нави ҷиноят ба вуҷуд ояд. Вале вазорати умури дохила ҳам омодагӣ мегирад, кор карда истодааст, ки аз ҷиноёт пешгирӣ кунанд, дар ҳама ҷо, ҳам дар марказ ва ҳам дар маҳалҳо барои муҳоҷирон шароит муҳайё мекунанд, онҳоро ба қайд мегиранд – масъулин ин хел вазифа гирифтаанд”.

Ҳамсӯҳбатҳои мо меафзоянд, имсол шояд теъдоди бархе аз ҷиноёт, аз ҷумла, ғорати амвол ва рабудани мошин, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон қариб аз байн рафтааст, афзоиш ёбад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки як теъдод муҳоҷирини ба Ватан баргашта даст ба қочоқи маводи мухадир хоҳанд зад, зеро бархе аз онҳо то муҳоҷират ба Русия ба интиқоли маводи мухадир аз манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон ваё тиҷорати афюну ҳероин машғул буданд.

Ҳарчанд, тайи ин солҳо вазъ тағйир хурда, қочоқу тиҷорати маводи мухадир таҳти назорати гурӯҳҳои созмонёфта қарор дорад, ҳадс зада мешавад, ки як теъдод шаҳрвандони бекормонда талоши ворид шудан ба ин тиҷорати ҷиноиро хоҳанд кард. Бобоҷони Шафеъ, масъули дафтари матбуоти Оҷонси назорати маводи мухадири Тоҷикистон ҳам ба ин назар мувофиқ аст ва мегӯяд, ки, “албатта, тайи моҳҳои ахир даст ба қочоқи маводи мухадир задани ин афрод мушоҳида нашудааст ва аммо ҳадс зада мешавад, ки моҳҳои оянда теъдоди боздоштшудагон аз ҳисоби ин афрод афзоиш ёбад”.

Теъдоди ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир афзоиш меёбад ...
Коршиноси тоҷик Авази Юлдош низ пешгӯӣ мекунад, ки имсол теъдоди ҷиноёти марбут бо қочоқу парвариши маводи мухаддир афзоиш меёбад. Ва аммо, аз нигоҳи ӯ, “такрори вазъи даҳ-понздаҳ соли пеш, ки қочоқи маводи мухадир дар Тоҷикистон ба як амри маъмулӣ табдил шуда буд, ғайримумкин аст”. Ӯ меафзояд, “он солҳо дар кишвар ҷанг идома дошт ва ҳама нерӯҳои ҳукуматӣ банди амалиёти низомӣ буданд ва сохторҳои мубориза бо қочоқи маводи мухадир, аз ҷумла, Оҷонси назорати маводи мухадир ва раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори назди вазорати умури дохила ҳанӯз таъсис нашуда буданд”.

Ба гуфтаи Авази Юлдош, даҳ сол пеш дар кишвар таҷҳизоти зарурӣ барои ошкор кардани маводи мухадир ҳам набуд, ҳоло бошад дар гузаргоҳҳои марзӣ ва дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан таҷҳизоти муосир гузошта шудааст ва қочоқи маводи мухадир ба кишвар ваё аз Тоҷикистон ба дигар мамоликро қариб ки номумкин мегардонад.

Коршиносон мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши теъдоди ҷиноёт бояд аз чораҳои оҷил кор бигиранд ва, қабл аз ҳама, барои муҳоҷирони баргашта ҷойҳои кор таъсис кунад ваё ба онҳо барои пайдо кардани кор дар дигар мамолик кумак намояд. Ва дар марҳалаи феълӣ барои мақомот Тоҷикистон мақоли “Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ бояд” назар ба солҳои пеш ба карат муҳимтар ба назар мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG