Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон вориди Пекин шуд


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи ҷумъа дар идомаи силсиласафараш ба кишварҳои Осиё ба хотири мулоқот бо раҳбарони Чин вориди Пекин шуд. Хонум Клинтон гуфт, ки ӯ нахоҳад гузошт, то масоили ҳуқуқи башар монеъи пешрафт дар расидагӣ ба бӯҳрони молӣ, тағйири иқлим ва масоили амниятӣ шавад. Клинтон қаблан дар Сеул, пойтахти Кореяи ҷанубӣ, гуфт, то замоне, ки Пхенян музокирот бо Сеулро радд мекунад, равобит бо Кореяи шимолӣ беҳ нахоҳад шуд. Ӯ аз Пхенян даъват кард, бар тааҳҳудоташ ҷиҳати қатъи барномаҳои ҳастаӣ амал кунад.
XS
SM
MD
LG