Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу Эрон ва терроризмро таҳдид ба Исроил хонд


Бенямин Нетаняҳу, раҳбари ҳизби Ликуд, ба дунболи аз сӯи раисиҷумҳур Шимон Перес ба симати сарвазирии Исроил пешбарӣ шуданаш изҳор дошт, ки Исроил ба таҳдид аз ҷониби Эрону терроризм рӯбарӯст. Нетаняҳу, ки барои ташкили эътилофи ҳоким 6 ҳафтаи дигар фурсат дорад, гуфт, ки мехоҳад бо ҳизби марказгарои Кадима ва ҳизби чапи коргарӣ ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил диҳад. Аммо раҳбари Кадима - вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ гуфт, ӯ майли ширкат дар кобинаи эътилофии Бенямин Нетаняҳуро надорад. Дар интихоботи парлумонии рӯзи 10 феврал ҳизби Кадима – 28 курсӣ ва Ликуд – 27 курсӣ ба даст оварданд. Аммо Шимон Перес гуфт, ӯ Нетаняҳуро ба раҳбарии давлати оянда пешбарӣ кард, чунки ӯ барои ташкили эътилофи ҳоким шонси беҳтар дорад. Нетаняҳу ҳимояти аҳзоби ростгароро ба даст оварда, метавонад рӯи тақрибан 65 вакил аз 120 узви парлумон ҳисоб кунад.
XS
SM
MD
LG