Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бакорандозии агрегати ниҳоии нерӯгоҳи "Сангтуда-1", ки қарор буд 25-уми феврали соли ҷорӣ сурат бигирад, ба таъхир хоҳад афтод.

Ин нерӯгоҳи барқи обӣ аз сӯи Русия сохта мешавад ва 80 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳ ҳам ба Русия тааллуқ дорад. Иннокентий Ким, мушовири раиси ширкати саҳҳомии «Сангтуда-1» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ далели таъхири баҳрабардории агрегати ниҳоии нерӯгоҳро ба набуди маблағ рабт дод. Вай афзуд, «беҳтар мебуд, далели онро ширкати «Барқи тоҷик» тавзеҳ медод».

Ширкати саҳҳомии «Сангтуда-1» гуфтааст, ки таъхир дар мавриди бакорандозии агрегати нерӯгоҳ бо тақсири ширкати «Барқи тоҷик» сурат гирифтааст. «Барқи тоҷик» аз ширкати «Сангтуда-1» 16 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарздор аст, ки муодили 4 миллион доллар аст.

Носирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, таъхир дар баҳрабардории агрегати нерӯгоҳ ин мушкили ширкати онҳо нест, вале қарздор будани ширкати «Барқи тоҷик» аз «Сангтуда-1»-ро таъйид карда гуфт, «мо агар тавонем, аз давлат қарз гирифта ин қарзро мепардозем, ё дар сурати аз бӯҳрон баромадан ва дар оянда имкон пайдо кардан онро хоҳем пардохт».

Ин дар ҳолест, ки 9-уми феврал мақомоти «Сангтуда-1» ба ширкати «Барқи тоҷик» ҳушдор дода буд, ки тули даҳ рӯз қарзашро пардохт намояд. Вагарна ин ширкатро ба додгоҳ хоҳад кашид. Аз ин ҳушдор даҳ рӯз сипарӣ шуд ва мақомоти ширкати саҳҳомии «Сангтуда-1» дар ин замина мавзеи худро тағйир надодааст.

Бо бакорандозии агрегати ниҳоии нерӯгоҳи "Сангтуда-1" ин нерӯгоҳ 670 мегаватт нерӯи барқ дар як сол тавлид хоҳад кард. Ва мақомоти ин ширкат гуфтаанд, то замоне, ки ширкати «Барқи тоҷик» қарзи худро пардохт накунад, имконоти молӣ барои бакорандозии агрегати чорум ба вуҷуд намеояд. Вале агар мақомоти Тоҷикистон қимати ин агрегатро пардохт кунад, дар он сурат нерӯгоҳ комилан дар вақти таъиншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG