Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Политковскаяро аз нав таҳқиқ мекунанд


Қозии мурофиаи парвандаи қатли хабарнигори маъруф ва мунаққиди Кремл Анна Политковская ба мақомоти тафтишотӣ дастур дод, то таҳқиқи ин парвандаро аз сар бигиранд. Рӯзи панҷшанбе, ҳайъати мунсифаи додгоҳи низомии шаҳри Маскав ҳамаи 4 нафари муттаҳам ба қатли Политковскаяро бегуноҳ баровард. Додситонӣ мегӯяд, таҷдиди назари ин ҳукмро тақозо хоҳад кард. Пайвандон ва ҳамкорони пешини Анна Политковская мегӯянд, то замоне ки кушандаи аслии ӯ ба додгоҳ эҳзор нашавад, адолат ба даст нахоҳад омад. Политковская моҳи октябри соли 2006 дар назди манзилаш дар Маскав бар асари як сӯъиқасд кушта шуд.
XS
SM
MD
LG