Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси роҳҳои ислоҳоти НАТО дар Краков


Рӯзи дуввуми нишасти вазирони дифоъи 26 кишвари узви паймони низомии НАТО дар Кракови Лаҳистон рӯи масоили ислоҳоти ин паймон ба хотири расидагии беҳтараш ба чолишҳои муосир, аз ҷумла терроризм, тамаркуз кард. Вузарои НАТО ҳамчунин бо ҳамтоёни худ аз Украинаву Гурҷистон, ду кишвари шӯравии собиқ, ки низ мехоҳанд ба ин паймон бипайванданд, мулоқот мекунанд. Дар рӯзи аввали нишасти НАТО дар Краков мавзӯъи асосии баҳсҳо набард алайҳи ҷангиҳои толиб дар Афғонистон буд. Фармондеҳии нирӯҳои байналмилалиро дар он кишвар се сол боз паймони НАТО бар ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG