Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ маротиба афзудани кашфи маводи мухаддир


Ҷеймс Каллаҳан, намояндаи минтақавии дафтари мубориза алайҳи ҷиноёт ва маводи мухаддири СММ, мегӯяд, мақомоти Узбакистон дар соли гузашта дар муқоиса бо соли қаблӣ 5 маротиба бештар маводи мухаддир кашф ва мусодира кардаанд. Каллаҳан гуфт, мусодираи чунин мақодири бузурги маводи мухаддир дар ҳоле сурат мегирад, ки авҷи қочоқи он аз Афғонистон меафзояд. Узбакистон бо Афғонистон – бузургтарин тавлидкунандаи афюни ҷаҳон – ва бо Тоҷикистон – як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ - марзи тӯлонии мустақим дорад.
XS
SM
MD
LG