Пайвандҳои дастрасӣ

Давлати ояндаи Исроилро Нетаняҳу ташкил мекунад


Раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес аз Бенямин Нетаняҳу, раҳбари тундрави ҳизби Ликуд, хост, кобинаи нави вазирони кишварро ташкил диҳад. Нетаняҳу акнун барои ташкили эътилофи ҳоким 6 ҳафта фурсат хоҳад дошт. Дар интихоботи парлумонии рӯзи 10 феврал ҳизби Ликуд – 27 курсӣ ва ҳизби Кадимаи вазири хориҷаи Исроил Тсипӣ Ливнӣ 28 курсӣ ба даст оварданд. Аммо Ликуд пуштибонии Авигдор Либерман, раҳбари ҳизби ростгарои Йисраел Бейтейнуро соҳиб шуда, барои ташкили давлати эътилофӣ имконоти беҳтар дорад.
XS
SM
MD
LG