Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба нирӯҳои Амрико 180 рӯз фурсат дод


Қирғизистон имрӯз нирӯҳои Амрикоро хабардор кард, ки дар зарфи 180 рӯз пойгоҳи ҳавоӣ дар ҳошияи фурудгоҳи Манасро, ки як нуқтаи калидӣ дар амри таъмини амалиётҳои нирӯҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон маҳсуб мешуд, тарк кунанд. Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба дунболи парлумони ин кишвар қонунеро, ки пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Манасро мебандад, тасвиб кард. Амрико ба дунболи эълони ин тасмими давлати Қирғизистон дар пайи пайдо кардани роҳҳои алтернативии таъмини нирӯҳояш дар Афғонистон шудааст.
XS
SM
MD
LG