Пайвандҳои дастрасӣ

Камшавии бесобиқаи оби обанбори Қайроқум


Сатҳи оби обанбори Қайроқум ба таври бесобиқа дар 10 соли ахир - ду метр паст рафтааст.

Файзулло Авазов, сардори идораи НБО–и Қайроқум гуфт, ки мутаносибан захираи оби обанбор низ аз меъёри маъмулӣ тақрибан сеяк, яъне аз 3.5 то 2.3 миллиард метри мукааб кам гаштааст. Ӯ афзуд, ҳанӯз ҳам ки дер нашуда, бояд ба захираи об оғоз карда шавад, вагарна дар тобистон ҳудуди 200 ҳазор гектар киштзори Узбакистон ва 80 ҳазор гектар мазореъи ҷануби Қазоқистон, ки аз обанбори Қайроқум обёрӣ мегарданд, ба танқисии шадиди об мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Масъулини идораи НБО–и Қайроқум сабаби паст рафтани сатҳи оби обанборро ба беист гардон будани ҳар шаш чархаи нерӯгоҳи мазкур бинобар камбуди шадиди барқ дар ин мавсими сармо бастагӣ медиҳанд. Дар солҳои қаблӣ ба хотири ҷамъ кардани об танҳо се ё чаҳор чархаи нерӯгоҳ фаъол ва нерӯи барқи чархаҳои дигар аз ҷониби Узбакистон ҷуброн карда мешуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти баландпояи тоҷику узбак дар Душанбе дар мавриди истифода аз захоири обии обанбори Қайроқум ба мувофиқа даст ёфтанд. Мувофиқи он Тоҷикистон то моҳи июн барои Узбакистон дар обанбори Қайроқум об захира хоҳад кард. Вале ба гуфтаи Ф. Авазов, дар мавриди наҳваи иҷрои ин созиш ҳанӯз миёни ҷонибҳо расман созишнома ба имзо нарасидааст ва дар бораи ҷамъоварии оби обанбор аз Душанбе дастур нагирифтаанд.


Дар моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби мақомоти чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон - дар шаҳри Остона созишномаи муҳиме дар мавриди танзими истифода аз захоири энержӣ ва обии минтақа дар ин фасли сармо ба имзо расида буд. Мутобиқи он, Тоҷикистон ва Қирғизистон – ду кишвари болооб дар фасли зимистон барои эҳтиёҷоти кишоварзии кишварҳои поёноб – Узбакистону Қазоқистон ва Туркманистон дар обанборҳои худ бояд об захира мекарданд ва дар иваз Туркманистон ба кишварҳои болооб барқ медод. Узбакистон ба интиқоли нерӯи барқ тавассути қаламраваш ризоят дода буд, вале аз рӯзҳои аввали соли равон бо сабабҳои норӯшан аз ин кор даст кашид.

Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд, дар чунин вазъ ҳалли мушкили истифода аз захоири обиву энержии минтақа ба тасмими кишварҳои болооб, ба хусус Узбакистон бастагӣ дорад, ки Душанбеву Бишкек аз Тошканд бар ивази об танҳо кумак дар раҳоӣ аз қайди бӯҳрони бебарқӣ тақозо мекунанд. Ба назари вай, бар иловаи интиқоли нерӯи барқ дар фасли сармо, инчунин кишварҳои болооб зарарҳои молии Тоҷикистонро, ки аз пур кардани обанбори Қайроқум ва зери об мондани ҳазорҳо гектар заминҳои ҳосилхел ва садбандиҳо ҳарсола мебардорад, бояд ҷуброн кунанд. Мушкиле, ки дар ҳаллу тарзи иҷрои он миёни ҷонибҳо ҳанӯз тавофуқ ҳосил нашудааст.

Ба назари Н. Мисаид, дастёбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври ҷудогона дар ҳалли мушкили обиву энергетикӣ дар минтақа душвор хоҳад буд ва танҳо ҳамоиши мавқеи онҳо роҳҳали барои ҳама ҷонибҳо судбахшро ҳамвор хоҳад кард.


НБО–и Қайроқум сар аз моҳи январ, ки интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Узбакистон мутаваққиф гашт, ягона манбаъи истеҳсоли нерӯи барқ барои шимоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳар шаш чарҳаи он гардон аст ва дар шабонарӯз ҳудуди 2.5 миллион киловатт/соат нерӯи барқ тавлид мекунад. Бар илова тақрибан 300 ҳазор киловатт /соати дигар дар давоми шабонарӯз аз ҷануби Тоҷикистон бо қаламрави Узбкистон ба вилояти Суғд интиқол дода мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG