Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи дуввуми нишасти вузарои НАТО дар Краков


Вазирони дифоъи 26 кишвари узви паймони низомии НАТО дар рӯзи дуввуми нишасти худ дар Кракови Лаҳистон роҳу шеваҳои беҳтари набард алайҳи чирикиҳои толиб дар Афғонистонро баҳс мекунанд. Вазири дифоъи Амрико РОберт Гейтс умедвор аст, ки НАТО ба Афғонистон нирӯи бештар хоҳад фиристод. Ин дар ҳолест, ки худи Амрико ахиран ҷиҳати эъзоми 17 000 сарбози изофӣ ба он кишвар тасмим гирифт. Дабири кулли НАТО Яап Де Ҳуп Схеффер гуфт, шикаст дар Афғонистон барои НАТО роҳи қобили қабул нест. Аммо то ҳол дар нишасти Краков танҳо Итолиёву Олмон ва онҳо ҷиҳати ирсоли ҳамагӣ чандсад сарбози изофӣ ба Афғонистон ваъда супурдаанд.
XS
SM
MD
LG