Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираи ураниуми Эрон барои як бомб кофӣ шудааст


Нозирони СММ мегӯянд, Эрон раванди тавсиъаи корхонаи ғанисозии ураниумашро кундтар кардааст, вале ба захира кардани ин мавод идома дода, ураниуми ғанишудаи то ҳол захиракардааш барои сохтани як бомби ҳастаӣ кофист. Чунин аст хулосаи гузориши ҷадиди Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ. Зимни муаррифии ин гузориш гуфта шуд, захираи ураниуми каме ғанишудаи Эрон, бино ба хабарҳо, аз 1000 кило бештар шуда, агар ин ураниум боз ҳам ғанитар сохта шавад, барои тавлиди як бомб кофист. Эрон аммо ҳамеша мегӯяд, маводи сӯхти ҳастаиро фақат ба хотири тавлиди нирӯи барқи ҳастаӣ ғанисозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG