Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чархаи чоруми Сангтӯда-1 ба зудӣ гардон намешавад


Идораи сохтмони нирӯгоҳи аввали Сангтӯда гуфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чархаи чорум ва ниҳоии ин нирӯгоҳ, ки мебоист рӯзи 25 феврал сурат мегирифт, ба муддати ҳанӯз номушаххасе ба таъхир гузошта мешавад. Раҳбарони сохтмон пардохт нашудани 17 миллион сомонӣ, ё худ наздики 5 миллион доллар қарзи ҷамъшудаи ширкати “Барқи Тоҷик”-ро иллати аслии таъхир дар амри такмили эҳдоси нирӯгоҳи Сангтӯда-1 ном мебаранд. Зарбулаҷале, ки мақомоти нирӯгоҳ бо талаби пардохт кардани ин қарз ба “Барқи Тоҷик” дода буданд, шоми панҷшанъбе ба поён расид ва онҳо мегӯянд, ки акнун ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG