Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обанбори Қайроқум тавлиди барқро қатъ мекунад?


Ҳаҷми об дар обанбори нирӯгоҳи Қайроқум барои бори аввал дар 10 соли охир аз 3,5 миллиард метри мукааб ба ҳадди 2 миллиарду 300 миллион метри мукааб пойин рафта, ин нирӯгоҳро дар пешорӯи қатъи фаъолият ва вилояти Суғдро дар рӯбарӯи шадидтарин бӯҳрони энержӣ қарор додааст. Мудири кулли нирӯгоҳи Қайроқум Файзуллоҳ Авазов мегӯяд, сатҳи об дар обанбор назар ба меъёр дувуним метр пойин рафтааст ва идомаи истифодаи оби обанбор ба хотири тавлиди барқ пахтазорҳои шимоли Тоҷикистон ва беш аз 200 000 гектар замини кишт дар ҳамсоякишвари Узбакистонро дар мавсими обёрӣ ба камбуди шадиди об мувоҷеҳ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG