Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон истифодаи роҳҳояшро иҷозат дод


Контр-адмирал Марк Ҳарничек, раҳбари бахши стротежии фармондеҳии нирӯҳои нақлиётии Амрико, гуфт, Тоҷикистон истифодаи роҳҳои мошингард ва роҳҳои оҳанашро барои транзити колоҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон иҷозат додааст. Ҳарничек гуфт, онҳо қасд доранд, ҳар ҳафта тавассути Тоҷикистон ба Афғонистон аз 50 то 200 контейнер таҳвил диҳанд:“Албатта, ҳар кишвари ҳаммарз бо Афғонистон кишвари муҳим аст, вале азбаски кӯтоҳтарин фосила то пойгоҳҳои мо дар Афғонистон аз Тоҷикистон мегузарад, аз нигоҳи фосила, Тоҷикистон хеле муҳим аст.” Молу колои ғайринизомии Амрико аз Узбакистон аз роҳи оҳан ба Тоҷикистон расонда шуда, сипас тавассути пулҳои бар фарози рӯди Омӯ сохташуда ба Афғонистон мунтақил хоҳанд шуд. Марк Ҳарничек дар раъси як ҳайъати низомии Амрико аз рӯзи 18 феврал дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG