Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон роҳҳояшро барои НАТО боз кард


Пули миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар Панҷи поён масири асосии транзити борҳои ғайринизомии НАТО ба Афғонистон хоҳад буд

Пули миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар Панҷи поён масири асосии транзити борҳои ғайринизомии НАТО ба Афғонистон хоҳад буд

Контр-адмирали амрикоӣ Марк Ҳарничек мегӯяд, Тоҷикистон роҳҳои оҳан ва мошингардашро барои транзити борҳои ғайринизомӣ ба НАТО вогузошт.

Марк Ҳарничек имрӯз, 20-уми феврал, пас аз мулоқот бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, «Тоҷикистон барои мо як кишвари муҳими транзитӣ мебошад, зеро он дорои наздиктарин роҳҳо то пойгоҳҳои низомии мо дар Афғонистон мебошад».

Ба гуфтаи контр-адмирали амрикоӣ, барои транзити лавозимоти ғайринизомии ИМА ва НАТО ба Афғонистон ҳамчунин розигии кишвари Узбакистон ба даст омадааст ва аз ин ба баъд ҳар ҳафта аз 50 то 200 контейнер борҳои ғайринизомӣ тавассути роҳҳои Узбакистон ба Тоҷикистон ва баъдан ба Афғонистон интиқол дода хоҳад шуд.
Тоҷикистон дорои наздиктарин роҳҳо ба Афғонистон мебошад...


Марк Ҳарничек, сардори раёсати барномаҳои стратегӣ, сиёсат ва таъминоти моддии артиши Амрико, пас аз эълони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вогузории ҳарими ҳавоии ин кишвар ба НАТО барои интиқоли муҳимот ба Афғонистон шоми 18-уми феврал барои анҷоми як сафари корӣ-омӯзишии 5-рӯза вориди Тоҷикистон шуд.

Контр-адмирали амрикоӣ ҳамчунин бо намояндагони вазорати роҳу мухобирот ва кумитаҳои марзбонӣ ва гумруки Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ анҷом дод. Вай дар чаҳорчуби дидори худ аз Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши роҳҳо барои транзити лавозимот ба Афғонистон аз пули миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Панҷи поён дидан кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG