Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои НАТО дар Афғонистон тавсеа меёбанд


Дабири кулли паймони НАТО Яаап Де Хуп Схеффер

Дабири кулли паймони НАТО Яаап Де Хуп Схеффер

Дар ҳамоиши НАТО дар шаҳри Кракови Полша Амрико аз ҳампаймононаш хост, то ба Афғонистон сарбозони бештар фиристанд.

Вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс ҳамзамон даъват кард, кишварҳои узви НАТО барои кутоҳмуддат нерӯҳои вокуниши сареъи паймонро, ки қаблан истифода нашуда буданд, ба Афғонистон фиристанд. Вай изҳор дошт, ки “маъмурияти нави Кохи сафед омодааст нисбати Афғонистон уҳдадориҳои иловагиро бар душ бигирад, аммо возеҳ аст, ки дар иваз Вошингтон интизор дорад, муттаҳидонаш низ кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд”.

Ҳафтаи ҷорӣ раисҷумҳури ИМА Барак Обама дастур дод, то 17 ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон эъзом шавад. Ҳамин тавр
Аъзои паймон омодаанд, ба Афғонистон нерӯи бештар бифиристанд...
шумораи умумии артиши ИМА дар Афғонистон 55 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод. Ба ғайр аз артиши Амрико дар Афғонистон боз 30 ҳазор нерӯ аз 40 кишвар, аксаран аъзои НАТО, мустақар аст.

Дабири кулли паймони НАТО Яаап Де Хуп Схеффер гуфт, аъзои аврупоии паймон низ омодаанд, барои таъмини амнияти интихоботи қарибулвуқуъи Афғонистон артиши бештар фиристанд, аммо на ҳазорон, балки садҳо сарбоз.

Ҳамин тавр Итолиё ваъда додааст, ки то моҳи апрел 500 сарбоз ва Олмон - 600 неруи иловагӣ ба Афғонистон мефиристанд. Бритониё гуфтааст, теъдоди артиши иловагиаш ба шумораи нерӯҳои дигар кишварҳои аврупоӣ вобастагӣ хоҳад дошт ва аммо Фаронса такрор намуд, ки нақшаи фиристодани нерӯи бештарро надорад.

Дабири кулли паймон афзуд, агар аъзои НАТО наметавонанд ё намехоҳанд дар афзоиши нерӯҳо ширкат кунанд, пас онҳо бояд ба бозсозии он кишвар кумаки бештар расонанд.

Айни замон Олмон, ки сарбозонаш дар амалиёти низомӣ дар Афғонистон иштирок намекунанд, гуфт нерӯҳои вокӯниши сареъи НАТО набояд дар Афғонистон мавриди истифода қарор бигирад. Бидуни шубҳа Вошингтонро чунин мавзегирии ҳампаймонони аврупоиаш хушҳол намекунад ва Роберт Гейтс гуфт, он кишварҳои Аврупо, ки амалиёти Афғонистон миёни аҳолиашон маҳбубияти зиёд надорад, бояд ба соҳоти иҷтимоӣ ва рушди он кишвар сармоягузорӣ кунанд. Вай афзуд, маъмурияти Обама кӯшиш хоҳад кард, муттаҳидонашро ба таҳияи стротежии Афғонистон ҷалб намояд.

Интизор меравад, ин стротежӣ ба зарурати таълими беҳтари сиёсӣ, давлатдорӣ ва рушд тамаркуз кунад ва ин ҳадафҳое мебошанд, ки аврупоиҳо кайҳо боз дар бораи онҳо таъкид доранд. Яаап Де Хуф Схеффер алорағми ҳамаи ин мушкилиҳо гуфт, НАТО ҳақ надорад дар Афғонистон ноком гардад ва хоҳони кумаки бештар аз кишварҳои ғайри аъзои НАТО шуд. Вай гуфт, ки агар ифротгароён ва террористон дар ин минтақа барои худ паноҳгоҳ ташкил диҳанд, барои насли оянда ин ҷаҳон ба як макони пурхатар мубаддал мегардад.
XS
SM
MD
LG