Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми додгоҳи Русия Ҳарастиро маъюс кард


Миклош Ҳарастӣ - намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз оҷизии Русия дар роҳи ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ нисбат ба хабарнигорон ибрози нигаронии амиқ кард. Ба гуфтаи Миклош Ҳарастӣ, ҳукми додгоҳи Маскав дар мавриди муттаҳамон ба қатли Анна Политковская изофаест ба таърихи нотавонии мақомоти Русия дар амри таъмини амнияти хабарнигорони гирифтор. Дирӯз додгоҳи Русия чаҳор муттаҳамон ба қатли Анна Политковскаяро бегуноҳ эълом кард. Се нафар комилан бегуноҳ эълом шуданд ва як афсари собиқи хадамоти амниятиро дар ишфо кардани маълумоти сиррӣ гунаҳкор дониста шуд. Анна Политковскаяро, ки ҳукумати Русияро бисёр танқид мекард, 7 октябри соли 2006 дар остонаи дари хонааш куштанд. Хешовандон ва ҳамкорони Анна Политковская мегӯянд, то замоне, ки қотилону фармоишгарони қатли ӯ ҷазо набинанд, адолат барқарор нахоҳад шуд. Гуфта мешавад, фарди муттаҳам ба қатли Политковская дар хориҷ аз Русия пинҳон шудааст.
XS
SM
MD
LG