Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия ураниуми коркаршуда ёфтаанд


Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мегӯяд, аз намунаҳои бардошта аз як таъсисоти Сурия, ки бовар меравад, реактори атомӣ буд, олудагиҳои ураниуми коркардшударо пайдо кардаанд. Сурия рад мекунад, ки реактори атомӣ доштааст, аммо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, иҷоза надодан барои таҳқиқи дубораи таъсисоти шубҳаангез, иддаои Сурияро таҳти суол мебарад. Кашфи олудагиҳои нави ураниум дар таъсисоти Ал- Кибари Сурияро як намояндаи Созмони Милал бисёр муҳим хондааст. Нозирони байналмилалӣ Ал-Кибарро моҳи июни соли 2008 таҳқиқ карданд, ки он таъисот соли 2007 аз тарафи ҳавопаймоҳои Исроил бомборон ва вайрон шуд. Сурия мегӯяд, олудагиҳои ураниумро ҳавопаймоҳои Исроил ба онҷо андохтаанд, вале ба гуфтаи мутахассисон бо омехтагии мураккаби ураниум чунин кор ғайримумкин аст.
XS
SM
MD
LG