Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт сарбоз ва пулиси Ироқро куштанд


Бар асари чанд бомбгузорӣ дар Ироқ дирӯз ҳафт сарбоз ва маъмурони пулис кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомоти пулис, бар асари бархӯрд ба бомби канори роҳ дар вилояти Диёло чаҳор сарбоз ҷон дода ва ду ҳамроҳи дигарашон маҷрӯҳ шуданд. Дар вилояти ғарбии Анбор ду маъмури пулис ҳалок ва ду тани дигарашон захмӣ шуданд. Дар шаҳри Мосул, дар натиҷаи инфиҷори мошини бомбгузоришуда як корманди пулис ҷон дод ва ҳашт раҳгузар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG