Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси низоъи Афғонистон дар Краков


Вазирони дифоъи НАТО стротежии ин созмон дар баробари Афғонистонро бознигарӣ карданд, ки Амрико дар онҷо талошҳо барои муқобила бо Толибонро тақвият медиҳад. Дар нишасти созмон дар шаҳри Кракови Лаҳистон Яаап Де Ҳоп Скеффер - дабири кулли Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ гуфт, ҷангҷӯёни Толиб ҳамчунин саъй доранд, то Покистонро ноором кунанд, аз ин рӯз паймони НАТО – ро мебояд, ба муноқишаи Афғонистон аз нигоҳи минтақавӣ расидагӣ кунад. Дар ҳамоиши НАТО Роберт Гейтс – вазири дифоъи Амрико аз кишварҳои дигари узв хост, то барои таъмини амнияти интихоботи моҳи августи Афғонистон нерӯҳои бештар фиристанд. Пеш аз оғози нишаст, Роберт Гейтс эътироф кард, ки посухи кишварҳои узв ба ин дархост “ноумедкунанда” будааст.
XS
SM
MD
LG