Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамони қатли Политковская озод шуданд


Имрӯз додгоҳи низомие дар Маскав се марди муттаҳам ба куштори хабарнигор Анна Политковскаяро аз гуноҳҳои ворида сафед кард. Муттаҳамон барои кӯмак дар ташкили ин куштор, ки хеле касбӣ анҷом шуда буд, айбдор мешуданд. Александ Меченовский, сухангӯи додгоҳ баъди мурофиа зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт:

"Имрӯз ҳайати мунсифа, ки бо иштироки он парвандаи мазкур баррасӣ шуд, ҳукми худро содир кард. Дар баробари онҳо 20 суол гузошта шуд, ба 19-тояш онҳо посухи рад доданд. Ҳамин тавр, аз рӯи ду ҳодиса бо раъи оро ҳукми сафедкуниро содир карданд. Мутобиқи ин ҳукм ва аз рӯи муқаррарот, додгоҳ муттаҳамонро сафед кард ва онҳоро дар толори додгоҳ озод кард".

Ҷабраил Маҳмудов, яке аз муттаҳамони ин парванда баъди эълони ҳукми ҳайати мунсифа ва берун шудан аз толори додгоҳ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт:

"Худоро шукр. Мо воқеан ҳам шодем. Сипос ба ҳамаи онҳое, ки барои мо ғам хӯрданд".

Наздикону ҳамкорони пешини Анна Политковская гуфтанд, ки то замони ба ҷавобгарӣ кашонда шудани фармоишгар ва иҷрокунандаи ин куштор адолат барқарор нахоҳад шуд. То ҳол додситонҳо аз исми касе набурдаанд, ки ҳамчун фармоишгари қатл арзёбӣ шавад. Эҳтимол меравад, ки қотили Анна Политковская, мунаққиди шадидлаҳни Кремлин, дар хориҷа панаҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG