Пайвандҳои дастрасӣ

Бенямин Нетаняҳу пирӯз шуд


Раҳбари ҳизби Ликуд Бенямин Нетаняҳу дар муборизаҳо барои ба даст овардани ҳақи ташкили эътилоф ба хотири касби курсии нахуствазирии Исроил пирӯз шуд. Раҳбари ҳизби ростгарои "Йисраэл Бейтейну" Авигдор Либерман дар суханронии радиоии худ имрӯз гуфт, ки тасмими ниҳоии вай пуштибонӣ аз Нетаняҳу шуд. Ва имрӯз дар ҷараёни мулоқот бо раиси ҷумҳурӣ Шимон Перес Авигдор Либерман гуфт, ки пуштибонӣ аз Нетаняҳу бар асоси шарте сурат мегирад:

"Фикр мекунам, вазъи кишвар зарурати ҳар чи зудтар таъсис додани як ҳукумати қавиву устуворро тақозо мекунад. Мо ду пешниҳод дорем. Пеш аз ҳама, мо Бенямин Нетаняҳуро ба мақоми раиси ҳукумат пешбарӣ мекунем ва таъиноти номзадии Нетаняҳуро танҳо дар чаҳорчӯби як ҳукумати фарогир пешбарӣ мекунем".

Ҳам Нетаняҳу ҳам Тсипӣ Ливнӣ, раҳбари ҳизби марказгарои Кадима баъди интихоботи 10 феврал иддао карданд, ки онҳо ҳақи ташкили ҳукумати навро доранд.
XS
SM
MD
LG