Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се муттаҳами қатли Политковская сафед шуданд


Имрӯз додгоҳи низомие дар Маскав ҳамаи се марди муттаҳам ба куштори хабарнигор Анна Политковскаяро аз гуноҳҳои ворида сафед кард. Муттаҳамон барои кӯмак дар ташкили ин куштор, ки хеле касбӣ анҷом шуда буд, айбдор мешуданд. Мурод Мӯсоев, вакили ду бародари муттаҳам Ҷабраилу Иброҳим Маҳмудовҳо пеш аз эълони ҳукми ҳайати мунсифа ба хабарнигорон гуфт:

"Мо, дар матни айбномаи ниҳоӣ, дар санади хотимавии таҳқиқот як идда айбномаҳои мушаххас доштем. Ҳамаи ин рӯйхати абномаро мо як ба як дида ба бахшҳо тақсим кардем. Ва беасос будани ин айбномаро ҳам таъкид кардем"

Муттаҳами чаҳорум, афсари пешини хадамоти махсус барои фошкунии маълумоти корӣ айбдор мешавад. Наздикону ҳамкорони пешини Анна Политковская гуфтанд, ки то замони ба ҷавобгарӣ кашонда шудани фармоишгар ва иҷрокунандаи ин куштор адолат барқарор нахоҳад шуд. То ҳол додситонҳо аз исми касе набурдаанд, ки ҳамчун фармоишгари қатл арзёбӣ шавад. Эҳтимол меравад, ки қотили Анна Политковская, мунаққиди шадидлаҳни Кремлин, дар хориҷа панаҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG