Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Ҷумҳурии Чех ба муҳоҷирони кории хориҷӣ билетҳои ройгони ҳавопаймо ва 500 евро пули нақд пешниҳод мекунад, то ин ки тавонанд дар шароити бекории бар асари амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ пешомада тавонанд ба хонаҳои худ баргарданд. Дар ҳоле, ки аз чунин як имконият бархе аз коргарони давлатҳои осиёӣ истифода мекунанд, аммо аксари муҳоҷирони украинӣ, ки шуморашон тақрибан 70 дар сади кулли муҳоҷирони Чехро ташкил медиҳанд, ба хонаҳои худ баргаштанӣ нестанд.

Сергей, як ҷавони 24-солаи украинӣ мегӯяд, ки аз камшавии маош ва хатари аз даст додани ҷои кор дар як ширкати сохтмонии шаҳри Прага ҳарос дорад. Бар асари бӯҳрони иқтисодӣ дар Аврупо суръати корҳои сохтмонӣ хеле суст шуда, аксар ширкатҳо маҷбур ҳастанд шумори коргаронро коҳиш диҳанд. Сергей дар ин бора мегӯяд: "Дар ширкате, ки ман кор мекунам, коргаронро ихтисор мекунанд. Ман ҳам зарар дидам, чунки маоши ман кам шуд. Ҳоло ман барои ҳар соати кориам 20 крон камтар назар ба гузашта мегирам".

20 крон камтар аз як доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ва дар шароити феълӣ, Сергей мегӯяд, ки маҷбур аст харҷҳои худро боз ҳам
Ба назари ман, дар 3 соли оянда дар ин ҷо 3 миллион нафар бекор мемонанд...
бештар ихтисор карда, фақат барои харидории андак ғизо ва пардохти иҷораи хонае, ки ҳамроҳ бо чанд ҳамватани дигараш тақсим мекард, харҷ кунад. Мисли ҳазорҳо дигар мардикорон дар Ҷумҳурии Чех, ки аз Ветнаму Ӯзбакистон ва дигар кишварҳо меоянд, Сергей бо пули кам кор мекунад ва ба хадамоти иҷтимоиву тиббӣ дастрасӣ надорад.

Тибқи хабарҳо, дар Ҷумҳурии Чех 300 ҳазор коргари хориҷӣ ҳаққи расмии корро доранд ва 84 ҳазор нафари онҳо украиниҳо мебошанд. Созмонҳои ҷамъиятӣ, ки бо масоили муҳоҷирон сару кор мегиранд, мегӯянд, шумори воқеии муҳоҷирон дар қаламрави Ҷумҳурии Чех, аз ҷумла, онҳое, ки бидуни мадорики расмӣ ба сар мебаранд, ба маротиб бештар аст.

Моҳи ҷорӣ мизони бекорӣ дар ин кишвар ба 7 дар сад наздик шуд. Ва аксари муҳоҷирони корие, ки дар ин кишвар ба сар мебаранду, бештар бо корҳои каммаоши дастӣ машғул мешаванд, боз ҳам бо хатари аз даст додани корҳои худ рӯбарӯ мешаванд. Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Чех пешгӯӣ мекунад, ки дар чаҳормоҳаи аввали соли ҷорӣ имкон дорад 12 ҳазор коргари хориҷӣ аз даромадҳои худ маҳрум шаванд. Ва ба хотири кӯмак ба ин бахши муҳоҷирон, ки дар шароити камбуди маош ва набуди ҷои хоб қарор доранд, ҳукумати Чех гуфтааст, ки омода аст, се миллион доллар маблағи буҷаро барои ба хонаҳояшон баргардонидани муҳоҷирони бекоршуда масраф кунад. Ҳукумати Чех гуфтааст, ки ба шумори муайяни коргарони хориҷӣ, ки аз ҷойҳои кории худ маҳрум шудаанд, билети яктарафа ва 500 евро кисапулӣ медиҳад.

Аммо мусоҳиби мо Сергей барои истифода аз чунин як фурсат барои бозгашт ба ватан истифода карданӣ нест. Вай мегӯяд: "Ман ба Украина баргаштанӣ нестам. Ман барои таҷлили ҷашни Соли Нав чаҳор рӯз он ҷо рафта будам ва дидам, ки зиндагӣ дар он ҷо чӣ гуна пеш меравад: он ҷо бесарусомонӣ аст. Ва чизи бисёр муҳиме, ки ман дар чашми мардум ин навбат дидаму дар гузашта набуд, ин ҳасодату бахилӣ аст. Мардум ҷои кор надоранд ва онҳо аз ҳама чиз нороҳат ва хашмгин ҳастанд".

Алорағми ин ки аксари муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Чех бо хатари бекорӣ рӯбарӯ ҳастанд, аммо онҳо намехоҳанд ба хонаҳои худ баргарданд, чунки тавре Сергей гуфт, дар кишварҳои онҳо вазъ боз ҳам бадтар аст. Дар Украина, масалан, моҳи январ мизони тавлиди маҳсулоти саноатӣ 34 дар сад кам шудааст. Володимир Ҳалитский, раиси маркази шуғли аҳолии шаҳри Киев дар сӯҳбат бо бахши украинии радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи пешгӯиҳо бекорӣ дар Украина то охири соли ҷорӣ нӯҳ дар сад афзоиш хоҳад ёфт: "Ба андешаи ман, дар давоми сол ҳудудан се миллион нафар бекор мешаванд. Ин ҳисобҳо бар асоси нишондодҳои макроиқтисодӣ дар буҷаи давлатӣ ҳосил шудааст, ки мизони бекориро имсол дар ҳудуди 8,5-9 дар сад пешгӯӣ мекунанд".

Баъди пошхӯрии Шӯравӣ садҳо ҳазор мардуми Украина бо фирор аз фақру нодорӣ дар ҷустуҷӯи кор кишвари худро тарк карда, ба хориҷа рафтанд. Ҳоло ҳудудан як миллион украинӣ дар шаҳру манотиқи Русия кор мекунанд, шумори зиёди онҳо инчунин дар кишварҳои аврупоии Итолиёву Испания ва Португалия низ мардикорӣ мекунанд. Сергей ҳам мегӯяд, ки ҳатто дар сурати аз даст додани кораш вай дар Прага монда дунболи кори дигаре мегардад, то ки ҳар имконияти пешомадаро истифода кунад.
XS
SM
MD
LG