Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи нишасти ҳайъатҳои баландпояи Тоҷикистону Узбакистон дар Душанберо аксари коршиносони умури сиёсӣ ва иқтисодӣ дар баробари мушкилоти зиёди мавҷуд миёни ин ду кишвар камаҳаммият арзёбӣ карданд. Онҳо мегӯянд, Тошканду Душанбе аз ин музокироти деринтизор, ки бояд ба тани сарди равобити ду кишвар гармӣ медамид, натавонистанд баҳра бардоранд ва даричаи умед барои берун омадан аз ин бунбасти нокомиҳоро эҷод кунанд.

Абдусамад Султонов, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, нишасти ҳайъатҳои баландпояи, бахусус, Тоҷикистону Узбакистон, ки баъд
Раҳматулло Зоиров: "Музокирот натоиҷи андак дар пай дошт."
аз фурӯпошии Шӯравӣ таҳаммули нозу қаҳри якдигарро надоранд, бо ин шеваҳои асримиёнагӣ бидуни самар хоҳад буд. Вай мегӯяд, то замоне ки худи раҳбарони ду кишвари ҳамсоя рӯ ба рӯи ҳам нишаста ва шарту имконоти худро пеши ҳам нагузоранд, ягон мушкил ҳалли худро нахоҳад ёфт.

Бо он вуҷуд ки ин музокиротро мақомоти расмӣ самарабахш унвон мекунанд, муваффақиятҳояш то ба ҳол равшан нашудааст. Танҳо чизе, ки маълум аст, ҷонибҳо дар бораи истифода аз захоири оби обанбори Қайроққум, дар шимоли Тоҷикистон, ва тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳои Тоҷикистон барои гази воридотӣ аз Узбакистон ба тавофуқ расидаанд. Ҳамчунин, ҷониби Узбакистон барои интиқоли барқи Туркманистон тавассути қаламраваш ба Тоҷикистон ризоият додааст.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ин кам аст. Вай дар равобити қайчизадаи Тоҷикистону Ӯзбакистон, ки ҳатто ин гуна музокирот онро наметавонанд бидӯзанд, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбакаш Ислом Каримовро муқассир медонад. Оқои Зоиров мегӯяд, танҳо манофеъи раҳбарони ин ду кишвар мушкили сангинеро ба дӯши сокинон гузоштааст.

Мӯсо Асозода, раҳбари созмони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Душанбе мегӯяд, ин музокирот метавонад шурӯъи
Мӯсо Асозода: "Ин музокирот метавонад шурӯъи муносиботи хуб бошад."
муносиботи хубу ормонии мардуми оддии ин ду кишвари ҳамсоя шавад. Вай мегӯяд, ахиран Ислом Каримов ҳам аҳамияти Тоҷикистонро дар сарнавишти минбаъдаи кишвараш дарк кардааст ва метавонад барои беҳбудии вазъ талош варзад.

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, баргузории музокироти Тошканду Душанбе дар пойтахти Тоҷикистонро талош ва пофишории Русия медонад. Вай мегӯяд, ташкили чунин музокирот чандон содда набуд, аммо Русия ба хотири нигаҳдории мавқеъ ва мақомаш болои кулли кишварҳои минтақа Узбакистонро ба ин ҳама розӣ кардааст.

Коршиносон мегӯянд, бо ин ҳама равобити минбаъдаи Тоҷикистону Узбакистон боз норӯшан боқӣ мемонад. Онҳо мегӯянд, Ислом Каримов раҳбари “пӯшида”-ест, ки ҳар лаҳза метавонад чеҳраи худро иваз кунад ва барои манофеъи худу кишвараш аз сари ҳар чизе гузарад.

Аммо ба назари аксарият, музокироти Тошканду Душанбе эҳсоси хушбиниро дар муносиботи минбаъдаи ин ду кишвар бедор кардааст, ки ҳам мешавад ба он бовар кард ва ҳам мешавад, ки бовар накард.
XS
SM
MD
LG