Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми қотилони Политковская эълон хоҳад шуд


Имрӯз додгоҳи низомие дар Маскав бояд муҳокимаи се марди муттаҳам ба куштори хабарнигор Анна Политковскаяро анҷом дода ҳукмашро эълон кунад. Ҳайати мунсифаи додгоҳ муттаҳамонро барои кӯмак дар ташкил ва куштори хабарнигори маъруфи рус дар соли 2006 бо дасти нафаре, ки кораш ба шеваи як қотили касбӣ монандӣ дорад, айбдор мекунанд. Наздикону ҳамкорони пешини Анна Политковская гуфтанд, ки то замони ба ҷавобгарӣ кашонда шудани фармоишгар ва иҷрокунандаи ин куштор адолат барқарор нахоҳад шуд. То ҳол додситонҳо аз исми касе набурдаанд, ки ҳамчун фармоишгари қатл арзёбӣ шавад. Анна Политковская мунаққиди шадидлаҳни Кремлин маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG