Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари мутаваққифшудаи Карзай ба Исломобод


Вазорати хориҷаи Покистон гуфт, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай сафари имрӯзаи худро ба Исломобод бо сабаби номусоидии ҳаво мутаваққиф кард. Як сухангӯи вазорат гуфт, ки таърихи нави сафар базудӣ эълон хоҳад шуд. Карзай мебоист бо раиси ҷумҳурии Покистон Осиф Алии Зардорӣ ва нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ мулоқот кунад. Мавзӯи музокираҳо амнияти марзӣ ва машваратҳои муштарак бо Вашингтон дар самти рушди стратегияи Амрико барои муқобила бо Толибон дар манотиқи марзӣ гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG