Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнести Интернешинал аз вазъи афғонҳо нигарон аст


Созмони Афви байнулмилал ё Амнести Интернешинал мегӯяд, ки даҳҳо ҳазор афғонҳое, ки бар асари ноамниҳо маконҳои зисти худро тарк кардаанд, ба таври фаврӣ ба ғизо ва дигар захираҳои башарӣ ниёз доранд. Дар нақли қавл аз СММ ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар, мустақар дар Лондон, мегӯяд, ки феълан 235 ҳазор мардуми Афғонистон дар ба дар буда, як бахши онҳо дар қароргоҳҳои муҳоҷирони Кобулу Ҳирот дар шароити сахте ба сар мебаранд: онҳо аз набуди сарпаноҳ, васоили гармидиҳӣ, дастрасии нокофӣ ба обу ғизо ва хадамоти дигар азият мешаванд. Дар изҳороти Амнести Интернешинал аз ИМА ва боқӣ ҷомеаи байналмилалӣ тақозо мешавад, ки бо қабули як стратегияи фарогир на фақат болои ҳалли низомии масъала, балки кӯмак ба мардуми Афғонистон низ тамаркуз кунанд.
XS
SM
MD
LG