Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Солана ва Лукашенка баргузор шуд


Имрӯз дар Минск нахустин мулоқоти раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана ва раиси ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенка баргузор шуд. Дар изҳороте, ки дафтари матбуоти президенти Беларус ба нашр расонд омадааст, Александр Лукашенка ба Солана гуфтааст, ки "Барои рушди ҳамкориҳои миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Беларус бояд аз мудохилаи ҳама гуна ҷонибҳои дигар, ба вижа бадхоҳон сарфи назар шавад". Лукашенка, ки сиёсаташ таи 10 соли охир бо танқидҳои шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар рӯбарӯ шудааст, ахиран чанд иқдоме барои наздик шудан бо Ғарб кардааст. Иттиҳодияи Аврупо начандон пеш гуфт, ки фурсати эҷоди равобити беҳтар бо Беларус фаро расидааст.
XS
SM
MD
LG