Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон дар меҳвари нишасти НАТО дар Краков


Вазирони дифои кишварҳои узви НАТО имрӯз барои бознигарии стратегияи Афғонистон дар Кракови Лаҳистон ташкили ҷаласа мекунанд. Дар ин нишаст вазири мудофеаи Амрико Роберт Гейтс ният дорад аз муттафиқон дархости ирсоли нирӯҳои бештарро барои муқобила бо Толибон ва Ал-Қоида дар пешорӯи интихоботи моҳи августи имсол кунад. Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико ҳафтаи ҷорӣ дар бораи тасмими ирсоли 17 ҳазор нирӯи иловагии кишвараш ба Афғонистон изҳорот дод ва мақомот аз шарикони аврупоӣ тақозо карданд, ки аз ин иқдоми амрикоиҳо пайгирӣ кунанд. Гейтс, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар роҳ ба Краков гуфт қабул дорад, ки барои бисёриҳо чунин даъват ғайримунтазира садо додааст.
XS
SM
MD
LG