Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи партобгари кафш ба Буш дар моҳи март


Муҳокимаи хабарнигори телевизиони Ироқ, ки ба сӯи раиси ҷумҳурии ИМА Ҷорҷ Буш пойафзолашро партофта буд, то моҳи дигар мавқуф гузошта шуд. Мунтазир-аз-Зайдӣ барои ҳамла ба як раҳбари хориҷӣ метавонад ба мӯҳлати 15 сол равонаи зиндон шавад. Вакилони хабарнигор мегӯянд, онҳо бо иддаои ин ки партоби пойафзол аз ҷониби шахси мавриди ҳимояташон як амали эътирозии беихтиёр буда дар асл нияти озору азияти Бушро надоштааст, тақозои озодкунии хабарнигорро хоҳанд кард. Қозии додгоҳ гуфт, муҳокима то 12 март, яъне замони мушаххасшавии хусусияти "расмӣ ё ғайрирасмӣ" доштани сафари Буш ба Ироқ мавқуф гузошта мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG