Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу - нахуствазири ояндаи Исроил?


Раҳбари ҳизби Ликуд Бенямин Нетаняҳу дар муборизаҳо барои ба даст овардани ҳақи ташкили эътилоф ба хотири касби курсии нахуствазирии Исроил пирӯз шуд. Раҳбари ҳизби ростгарои "Йисраэл Бейтейну" Авигдор Либерман дар суханронии радиоии худ имрӯз гуфт, ки тасмими ниҳоии вай пуштибонӣ аз Нетаняҳу шуд. Ҳам Нетаняҳу ҳам Тсипӣ Ливнӣ, раҳбари ҳизби марказгарои Кадима баъди интихоботи 10 феврал иддао карданд, ки онҳо ҳақи ташкили ҳукумати навро доранд. Президент Шимон Перес имрӯз раҳбарони ҳизбҳои пирӯз дар интихоботро даъват карда бояд тасмим гирад, ки чӣ касе бояд масъулияти раҳбарии ҳукуматро ба ӯҳда мегирад.
XS
SM
MD
LG