Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумон қарори баста шудани пойгоҳро имзо кард


Парлумони Қирғизистон имрӯз қарори ҳукуматро оид ба баста шудани пойгоҳи низомии ИМА дар хоки ин кишвар тасвиб кард, ки барои интиқоли бору муҳимоти амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон истифода мешуд. Раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев, ки тарафдорони вай аксариятро дар парлумон ташкил медиҳанд, моҳи ҷорӣ барномаҳои худро оид ба бастани пойгоҳи низомии Манас бо сабаби адами дарёфти маблағи кофӣ аз амрикоиҳо эълон кард. Изҳороти мазкур дафъатан баъди он пахш шуд, ки Русия ба Қирғизистон ироаи қарзу кӯмакҳо ба маблағи куллии ду миллиард долларро ваъда дод, ҳарчанд мақомоти Қирғизистон ба ҳам вобаста будани ин ду тасмимро рад мекунанд. Тибқи гузоришҳо, дар сурати ба имзо расидани ин қонун аз сӯи Боқиев ва пахши расмии огаҳӣ оид ба тарки пойгоҳ кардани нирӯҳо, ИМА бояд дар 180 рӯзи дигар сарбозонашро аз хоки Қирғизистон берун кашад. Тасмими Қирғизистон боиси он шудааст, ки ҳамакнун ИМА роҳҳои алтернативии интиқолу бору муҳимотро ба Афғонистон ҷустуҷӯ дорад.
XS
SM
MD
LG