Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Парвоз» - дар Ҷоми президенти Туркманистон


Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, дар Ҷоми президенти Туркманистон ширкат хоҳад кард.

Понздаҳумин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ аз 20-ум то 28-уми феврал дар шаҳри Ишқобод баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқа бо ширкати 8 даста аз Туркманистон, Қирғизистон, Латвия, Тоҷикистон, Эрон, Арманистон ва Баҳрайн дар 2 гурӯҳ сурат мегирад. Дастаи «Парвоз» дар гурӯҳи «В» 21-уми феврал бо «Ганҷасар»-и Арманистон, 23-юми феврал бо «Ишқобод»-и Туркманистон ва 25-уми феврал бо дастаи мунтахаби ҷавонони Баҳрайн бозӣ хоҳад кард.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ, ки 27-уми феврал барпо мешавад, роҳ меёбанд.

Барандаи Ҷоми президенти Туркманистон 28-уми феврал муайян хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки ин Ҷом 11 бор соҳиби мизбонон гардидааст ва 3 бор меҳмонон – «Истиқлол»-и Теҳрон (1998), «Торпедо»-и Гурҷистон (2002) ва «Дачия»-и Молдова (2006) - ғолиб шудаанд.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки севум мешавад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад.

Воқеъан, дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров соли 2005 бо ҷоизаи севум мукофотонида шуда буд, ки ин то ҳоло беҳтарин дастоварди футболбозони тоҷик дар Ҷоми президенти Туркманистон мебошад.
XS
SM
MD
LG