Пайвандҳои дастрасӣ

М. Ҳусейнхоҷаев - пешсафи «Aeroflot Open-2009»


Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев

Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар ҷашнвораи байнулмилалии «Aeroflot Open-2009» дар шаҳри Маскав дар сабқати «В» пешсаф шуд.

Муҳаммадхоҷа, ки дар даврҳои дуввуму севум бар шатранҷбозони Русия Максим Омариев ва Ирина Василевич ғалаба кард, бо 3 имтиёз байни 80 нафар ба ҷои аввал баромад. Вай дар даври чаҳорум бо Ли Ҳанбин, аз Чин, ки се имтиёз дорад, бозӣ хоҳад кард.

Шатранҷбози дигари тоҷик, гроссмейстер Фаррух Амонатов, ки дар гурӯҳи асосии А1 ҳунарнамоӣ мекунад, бозии даври дуввумро низ бо намояндаи Булғористон, гроссмейстер Андрей Зигалко мусовӣ анҷом дод. Амонатов бо 1 имтиёз байни 78 нафар дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст. Ҳарифи ӯ дар даври севум Антон Шомаеви рус мебошад.

Шатранҷбози дигари тоҷик, устоди FIDE Соҳиб Ҷӯраев дар сабқати А2 пас аз бохт дар даври аввал, дар дидори дуввуми худ бар шатранҷбози рус, устоди байнулмилалӣ Николай Показантсев пирӯз шуд. Дар ин гурӯҳ 84 нафар ширкат доранд. Соҳиб Ҷӯраев бо 1 имтиёз дар ҷои 55-ум қарор гирифтааст. Вай дар даври севум бо Сергей Искусних, аз Русия, бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG