Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се сарбоз 8 сар гӯсфандро хурданд


Нисбати се сарбози дидбонгоҳи марзӣ, воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, бо иттиҳоми дуздии моликияти бегона парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин сарбозон ба пайи ҳам рабудани ҳашт сар чорвои сокинони маҳаллӣ ва куштану хӯрдани онҳо айбдор дониста шудаанд.

Мақомоти дохилаи ноҳияи Ишкошим иттилоъ медиҳад, ки онҳо дар ҷараёни тафтиш далели шайъиро иборат аз каллаву почаи бузу гӯсфандони қурбоншуда дар дохили дидбонгоҳи марзи пайдо намудаанд. Аммо мушорикати афсарон ва сарбозони дигари дидбонгоҳро дар ҳодисаи мазкур то ба ҳол ошкор накардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки саршумори бузу гусфандони қариб дар як вақт ба яғмо бурда ба барпо кардани «базми ҷамшедӣ» дар қароргоҳи марзбонӣ кифоят мекунад.

Ба гуфтаи сухангӯи раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Мизроб Доробов, сарбозон аввал аз оғили ду шаҳранд моли майдаро рабуданд, аммо ҷиҳати саривақт ошкор нагардидан «мазахурак» шуда, амалашонро идома доданд ва ахиран ба даст афтоданд.

Мақомоти шӯъбаи корҳои дохила мегӯяд, ки айни ҳол гурӯҳи тафтишотӣ дар робита бо ин ҳодиса дар маҳал кор бурда, пас аз анҷоми тафтиш парванда ба додгоҳи гарнизони ҳарбии Хоруғ ироа хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки шояд дар ин қазия ҷузъиёти нав дар мавриди мушорикати дигар афрод пайдо шавад.

Аз ҷониби сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дар Бадахшон дуздидани маводи хурока, масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизот ва дар бархе аз маворид кӯшиши иваз намудани мол бо шаҳрвандони Афғонистон бо пул қаблан вуҷуд доштаанд, аммо ба яғмо бурдани бузу гӯсфанди шаҳрвандон барои нахустин бор ба вуқуъ мепайвандад.

Марзбонони рус бузу гуспандро бо пул харид менамуданд. Аммо сокинони маҳали Андароби ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ки онҳо дар ёд доранд, ки нахустин молдуздӣ аз ҷониби дастаи сарбозони қазоқ, ки чанд сол қабл ба манзури таҳкими марз тайи як муддати муайян ба ин ҷо омада будаанд, рух дода буд. Он вақт фармондеҳии дидбонгоҳ муайян сохтааст, ки ёди «маззаи гушт» дар мобайни кӯҳҳо зодагони даштҳои паҳноварро ба дузди таҳрик додааст ва зарар аз кисаи сарбозон ҷуброн шудааст.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, алҳол вақте, ки дар артиш вазъи таъминот беҳтар шудааст, ба назар мерасад, ки дили баъзе аз сарбозон ҳануз ба ёди сихкабоб ва ё оши палави сергушту серравған гум мезанад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG