Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистонро соли сахте дар пеш аст


Девид Маккирнан - фармондеҳи олирутбаи Амрико мегӯяд, соли 2009 ғолибан “соли сахте” барои Афғонистон хоҳад буд ва ӯ интизор дорад, ки мубориза бо Толибон дар солҳои оянда сарсупурдагии бештареро аз Амрико тақозо хоҳад кард. Дейвид Маккирнан фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, 17 ҳазор сарбозе, ки раиси ҷумҳур Барак Обама дастури эъзоми онҳоро дод, дар ҷануби Афғонистон, такягоҳи Толибон ҷойгир хоҳанд шуд. Ин нерӯҳо пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар моҳи август ба адои хидмат шурӯъ мекунанд. Дейвид Маккирнан ҷангҷӯёни Толибро “ниҳоят муқовим” номида гуфт, ки онҳо шеваҳои ҳамлаҳои худро тағйир додаанд: "Мо ба шӯришиёни хеле муқовим рӯ ба рӯ ҳастем. Онҳо омехтаи гурӯҳҳои мухталиф ҳастанд, ки баъзан аз тарафи созмонҳое, чун Алқоида кӯмак мегиранд. Онҳо ба таври мудавом имсол шеваҳои фаъолияташонро назар ба соли гузашта иваз кардаанд. Онҳо ба таври афзоянда ба зидди ҳадафҳои осонгир, ба мисли қароргоҳҳои ҳукуматӣ, корвонҳо ва кормандони пулис ҳамлаҳои хурдмиқёсу печида номутаносиб анҷом медиҳанд." Бо эъзоми 17 ҳазор нерӯи тозанафас теъдоди сарбозони Амрико дар Афғонистон ба 55 ҳазор нафар хоҳад расид. Дигар кишварҳо асосан кишварҳои узви НАТО дар Афғонистон 30 ҳазор сарбоз доранд.
XS
SM
MD
LG