Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти пойгоҳи Амрикоро ҳал мекунанд


Интизор меравад, имрӯз порлумони Қирғизистон дар мавриди бастани пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Амрико дар фурудгоҳи Манас раъй диҳад, ки дар амри таъмини нерӯҳо дар Афғонистон кӯмак мекунад. Бино ба гузоришҳо, пешниҳоди ҳукумати Қирғизистон барои бастани пойгоҳ дастгирии порлумонро хоҳад ёфт, зеро аксарият дар он аъзои ҳизби раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев ҳастанд. Дар сурати пазируфтани пешниҳод, нерӯҳои Амрико дар зарфи се моҳ бояд фурудгоҳи Манасро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG