Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз эҳтимоли низоъи нав дар Ғазза


Роберт Серрӣ - намояндаи олирутбаи Созмони Милал барои Ховари Миёна ҳушдор дод, ки бидуни созиши оташбаси доимӣ дар Навори Ғазза, эҳтимол дорад, ки дар инҷо низоъи нав ва харобиовартаре сар бизанад. Роберт Серрӣ рӯзи чаҳоршанбе ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, баъди эъломи оташбаси якҷониба аз сӯи Исроил ва Ҳамос дар як моҳи пеш, тундравони фаластинӣ аз Ғазза ба самти Исроил 15 мушак андохта, 12 маротиба бо хунпораандоз ҳамла карда ва як мошини исроилиро дар марз тарконидаанд. Аз он тараф Исроил 19 маротиба ба Ғазза ҳамлаи ҳавоӣ кардааст. Роберт Серрӣ гуфт, зарур аст, то ба тамоми хушунатҳо хотима дода шавад. Вай афзуд, созиши оташбаси дерпой танҳо дар сурате ба даст меояд, ки тарафҳои мухолиф табдили асирон кунанд, қочоқи силоҳ ба Ғазза ҷилавгирӣ ва марзҳои ин минтақа боз шавад ва ҷиноҳҳои фаластинӣ ба ҳам оянд.
XS
SM
MD
LG