Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нав барои амрикоиёни мӯҳтоҷ


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, тарҳи барномаи 75 миллиардоллариеро муаррифӣ кард, ки ҳадафи он монеъ шудан ба суқути бахши хонасозӣ ва роҳ надодан ба бехона мондани миллионҳо амрикоӣ мебошад. Барномаи нав барои кӯмак ба онҳое пешбинӣ шудааст, ки дар пардохтани пули хонаҳои бо қарз харидаашон оҷиз мондаанд. Як рӯз пеш аз ин Барак Обама барномаи 787 миллиардоллариеро имзо кард, ки ҳадафи он ба пеш ҳаракат додани иқтисоди дар ҳоли рукуди Амрикост.
XS
SM
MD
LG