Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай мегӯяд, таниш бо Амрико тамом шуд


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, танишҳо бо Амрико бар сари талафоти ғайринизомиён ва амалиётҳои ҳамоҳангношуда дар кишвараш “акнун анҷом ёфтааст”. Ҳомиди Карзай гуфт, “аз ҳамин ҳоло ҳеҷ як амалиёти нерӯҳои хориҷӣ бидуни ҳамоҳангӣ бо қувваҳои Афғонистон сурат нахоҳад гирифт”. Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико, баъди эъломи ирсоли 17 ҳазор сарбози тозанафаси кишвараш ба Афғонистон бо Ҳомиди Карзай гуфтугӯи телефонӣ кардааст. Муносиботи миёни Амрикову Афғонистон тайи чанд вақти ахир ба сардӣ гароид. Барак Обама аз сиёсатҳои Ҳомиди Карзай танқид мекард ва раиси ҷумҳури Афғонистон беш аз пеш тактикҳои низомиёни амрикоӣ дар Афғонистонро.
XS
SM
MD
LG