Пайвандҳои дастрасӣ

Азимтарин корхонаи саноатии вилояти Хатлон – «ТоҷикАзот» дар напардохтани ҳаққи истифода аз нерӯи барқ муттаҳам дониста мешавад.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр, мавсум ба «ТоҷикАзот», ки дар 110 километрии ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст, дар назди ширкати ҳолдингии «Барқи тоҷик» беш аз се миллиону 350 ҳазор сомонӣ, муодили қариб як миллион доллари амрикоӣ қарздор будааст.

Додситонии шаҳри Сарбанд мегӯяд, ширкати «ТоҷикАзот» бо саркашӣ аз пардохти ҳаққи истифода аз нерӯи барқ чандин банди шартномаи миёни ин корхона ва ширкати «Барқи тоҷик» ва талаботи қавонини ҷорӣ нодида гирифта шудааст.

Амонулло Азизуллоев, прокурори шаҳри Сарбанд, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт: «Прокуратураи шаҳр тибқи супоришҳои прокурори генералӣ ҳолати иҷроиши қонунгузории ҷорӣ, вобаста ба саривақт пардохт кардани маблағҳо оид ба истифодабарии қувваи барқ мавриди санҷиш қарор дод. Муайян шуд, ки корхонаи муштараки «ТоҷикАзот»-и шаҳри Сарбанд дар назди «Барқи тоҷик» қарздор будааст. Дар асоси моддаи 330-и Кодекси граждании Тоҷикистон ӯҳдадориҳо бояд ба таври дахлдор мутобиқи шартҳои шартнома ва талаботи қонун ё дигар асноди ҳуқуқӣ иҷро карда шаванд. Аз ин лиҳоз, мо амр кардем, ки қарзи «Барқи тоҷик» аз ҷониби «ТоҷикАзот» ҳатман пардохт карда шавад».

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти корхонаи муштараки «ТоҷикАзот» мегӯяд, ҳарчанд ин корхонаи саноатӣ дар 40 рӯзи ахир аз фаъолият бозмондаву рӯз аз рӯз ҳаҷми хисороти молиявиаш афзудан дорад, талаби додситонии шаҳри Сарбандро қисман иҷро кардааст. Тоҳирхон Ғозиев, раиси корхонаи «ТоҷикАзот», мегӯяд, ду миллион сомонӣ қарзи худро дар назди ширкати «Барқи тоҷик» ҳисобӣ кардааст.

Аммо мушкили дигари «ТоҷиАзот» ин аст, ки корхонаи мазкур бар асари қатъи интиқоли гази воридаи Узбакистон аз тавлидот бозмонда, беш аз ним ҳазор кормандашро ба мураххасии бемузд ирсол кардааст. Қимати гази узбакӣ ба ҳадде афзоиш ёфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ва аз ҷумла ширкати «ТоҷикАзот» аз имконоти пешпардохти он бархурдор нест. Гузашта аз ин, ширкати «Тоҷикгаз» дар назди «Узтрансгаз» ҳудудан 16 иллион доллар қарздор буда, иддао дорад, ки бахше аз ин қарзҳо аз мансуб ба «ТоҷикАзот» будааст.

Бегазию бебарқӣ дар қиболи корхонаи «ТоҷикАзот» ҳамчунин ба фаъолияти чандин корхонаи дигари саноатии шаҳри Сарбанд ва кулли вилояти Хатлон латма задааст.

Дар ҳоле ки корхонаи «ТоҷикАзот» хисороти расида бар асари бегазию афзоиши қарзаш аз истифодаи барқро ҳисобу китоб мекунад, додситонии Сарбанд талаби наверо дар назди ин ширкат пеш гузоштааст. Ба иддаои додситонии маҳаллӣ, корхонаи «ТоҷикАзот» ҳамчунин наздик ба 200 ҳазор сомонӣ қарз аз молиёти ҳифзи иҷтимоиро низ бояд ба сурати ҳатмӣ ба буҷаи давлат ворид намояд.
XS
SM
MD
LG