Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба хотири даромад кӯдакон аз рушд мемонанд


Анӯшервони 9-сола дар яке аз деҳаҳои вилояти Хатлон ба сар мебарад ва фурсати китобхонӣ надорад.

Падари ӯ солҳои тӯлонист, ки дар муҳоҷирати кориcт. Кор дар замини кишту хона бар ӯҳдаи Анӯшервони хурдсол ва модараш вогузор шудааст.

Мутахассисони Барномаи байнулмилалии ҷилавгирӣ аз кори кӯдаконро сӯистифода аз нерӯи наврасон дар Тоҷикистон нигарон
Дар вилояти Бадахшон 65%-и наврасон ба кори бемузд ҷалб шудаанд...
кардааст ва онҳо мегӯянд, 70 дарсади атфоли тоҷик ба корҳои саҳроӣ ҷалб шудаанд.

Питер Ҳуст, муттахассиси ин барномаи байналмилалӣ дар сӯҳбат бо барномаи "Ояндасоз" гуфт, дар Тоҷикистон кӯдакон маъмулан ба корҳои саҳроӣ ба монанди нигоҳубини чорво ва замини кишт, ҷамъоварии ҳосил, хишова ва ғунучини пунба машғул мешаванд, ки ин дар аксари ҳолат монеи рушди кӯдакону наврасони то синни 14-сола мегардад.

Ҳамзамон ҳамсӯҳбатам афзуд, наврасоне, ки дар мазореи пунбапарварӣ ё бахши аз кишоварзии дигар кор мекунад метавонанд аз модаҳои кимиёии алайҳи зарарасонҳо зиён бинад. Аз сӯи дигар соатҳои дарози корӣ дар зери офтоби сӯзон ва заминҳои намнок ҷисми хурдсолонро афсурда мекунад.

Вай мегӯяд: «Вақте ки мо дар хусуси ҷилавгирӣ аз нерӯи кӯдакон мегӯем, қабл аз ҳама мо кӯдакони то 14 -соларо дар назар дорем, ки аз лиҳози қонун ҷалби онҳо ба меҳнат манъ аст. Ва ҳамчунин наврасони аз 15 то 17-соларо мегӯем, ки ҳуқуқ ба кор карданро доранд ва кордиҳандагон бояд барои онҳо шароити мусоиди меҳнатиро мисли, вақти кофӣ барои танаффус, музди мувофиқ ва муҳити бехавфро фароҳам оранд. Ва ҳоло мо мехоҳем, дар ҳамкорӣ бо ҳукумати кишвар ва воҳидҳои кишоварзӣ то ҳадде ин мушкилро рафъ созем.»

Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози барномаи байнулмилалии ҷилавгирӣ аз меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар кишвар беш аз 200 000 кӯдак ба меҳнат фарогир шудааст, ки 10%-и онҳо комилан аз таҳсил дур мондаанд.

Муҳайё гуфт: «Барои нахустин бор аст, ки барномаи мо барои ҷилавгирӣ аз нерӯи кӯдакон дар саҳро бевосита бо худи кордиҳандагон аз воҳидҳои кишоварзӣ семинари омӯзишӣ доир мекунад, зеро маҳз онҳо метавонанд, нақши калидиро дар ҳалли ин мушкил бибозанд. Бояд гуфт, феълан аз нерӯи бештари кӯдакон дар корҳои саҳроӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон истифода мешавад. Ва дар вилояти Бадахшон бошад, наздики 65 дарсади наврасон ба корҳои бемузд ҷалб шудаанд. Ҳамчунин бино бар муҳоҷирати дохилӣ наздики 10 000 наврас дар шаҳри Душанбе ба ҳаммоливу талбандагӣ ва дигар корҳои сиёҳ машғуланд.»

Гуфта мешавад, мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фақру афзоиши муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон аз омилҳои аслии сӯистифода аз нерӯи кӯдакон аст.

Бар тибқи тадқиқоти анҷомдодаи созмонҳои байнулмилалӣ, меҳнати кӯдакон дар як рӯз бештар аз 12 соат идома меёбад, ки ин ҳатто барои шахси калонсол чандон осон нест ва талабот ҳам ба ин қувваи кории арзон зиёд аст.

Ҷовид Ҷӯраев, як масъули созмони "Наҷоти кӯдак", мегӯяд, ҳамасола дар кишвар барои корҳои саҳро ва ғунучини пахта 400 000 нафар ҷалб мешаванд, ки 40 %-и ин рақам, кӯдакону наврасон будаанд.

Бо ин ҳама коршиносони масоили иҷтимоӣ мегӯянд, ҳоли ҳозир рафъи масоили кори кӯдакон имконнопазир аст ва кӯшишҳо ҳам дар ин робита бенатиҷаанд. Чун ба қавли онҳо, аксари хонаводаҳои ин наврасон дар ҳоли фақр қарор доранд ва аз сӯи дигар ин қишри хурдсоли ҷомеа, нерӯи аслии кории кишварро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG