Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Ӯзбакистон протоколи ҳамкорӣ имзо карданд


Дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбакистон ба поён расид. Дар ин музокирот раҳбарии ҳайати Ӯзбакистонро Рустам Азимов-муовини аввали нахуствазир ва аз ҷониби Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон-муовини аввали нахуствазир бар ӯҳда доранд. Дар ин музокирот ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои захоири обу энержӣ, аломатгузорӣ дар хатти марзии миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ баррасӣ шуд. Дар поёни музокирот ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва дар бораи аломатгузории марз протокол имзо карданд.

XS
SM
MD
LG